- қоф
- I[قاف]а. номи ҳарфи 24-уми алифбои арабиасоси тоҷикӣ аст, ки дар алифбои кириллиасос муодили Қ ва дар ҳисоби абҷад ба адади 100 баробар мебошад; лофу қоф киноя аз худситоию дурӯғгӯӣ; лофу газофII[قاف]а1. кӯҳи асотирӣ, ки ба қавле панҷсад фарсанг баландӣ дораду қисми зиёди он дар миёни об ҷойгир аст, нурҳои саҳарии офтоб дар он сабз ва инъикосашон кабуд метобад, дар баъзе маъхазҳо чун кӯҳи бузурге тасвир гардидааст, ки гирди дунёро печонидааст2. номи сураи панҷоҳумини Қуръон, ки дар Макка нозил гаштаву 45 оят дорад, номи дигари ин сура “Босиқот” аст ба маънии “нахлҳои баланд”◊ қоф то қоф сар то сари дунё, тамоми ҷаҳон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.